Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуздии 48 тонна ангиштро Додгоҳи ҳарбӣ баррасӣ мекунад


Додситонии ҳарбии вилояти Суғд парвандаи шаш сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро, ки ба дуздии 48 тонна ангишт айбдор шудаанд, ба Додгоҳи ҳарбӣ фиристод. Ин шаҳрвандон рӯзи 3-юми ноябр бо иттиҳоми дуздии ангишт аз анбори ширкати “Қудрат 2010” дастгир шудаанд. Пайвандонашон иттиҳоми дуздӣ нисбат ба онҳоро беасос медонанд ва ба бегуноҳии онҳо таъкид доранд.

Ба иттилои дарёфтӣ, парвандаро ба он хотир додситонии низомӣ тафтиш намуд, ки Зайниддинхуҷа Орифов, як тан аз гумонбарон, корманди Идораи ҳолатҳои фавқулода аст.

Бахтиёр Насруллоев, вакили Зайниддинхуҷа Орифов рӯзи 21-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи шаш нафар дар наздиктарин фурсат баррасӣ мешавад. Назари мақомот дар ин бора дастрас нест. Гумонбарон аз 25 то 34-сола ҳастанд ва ҳаҷми зарари расонидаи онҳо ба ширкат ҳудуди 28 ҳазор сомонӣ номида мешавад. Ҳанӯз маълум нест, ки чӣ тавр 48 тонна ангишт аз ин ширкат дуздида шудааст.

Ширкати "Қудрат 2010" панҷ сол қабл фаъолияти худро дар кони ангишти "Ғузн"-и Кӯҳистони Мастчоҳ шурӯъ кард. Дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин шаш нафар бар асоси шикояти раҳбарони ширкати “Қудрат 2010” боздошт шуданд. Бархе аз манбаъҳои наздик ба ширкати "Қудрат 2010" мегӯянд, масъули асосии ширкат дар Душанбе ва ба хонаводаи президенти Тоҷикистон наздик аст. Дурустии ин иддао тасдиқ нашудааст.

XS
SM
MD
LG