Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон таблиғи президентро бештар мекунанд


Сокинон мегӯянд, имрӯзҳо мақомоти маҳаллӣ ҷаласаҳо доир карда, шахсияти Бердимуҳаммадовро таблиғ мекунанд. Мақомот аз кормандони соҳаҳои буҷавӣ талаб доранд, ки дар манзилҳояшон акси Бердимуҳаммадовро овезанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, мақомоти маҳаллӣ рӯзи 17-уми январ дар Донишкадаи омӯзгории Лебап, Хонаи фарҳанги ноҳияи Фороб ва рӯзи 18-уми январ дар шаҳри Сейдӣ, ноҳияҳои Дарғанат ва Деҳнав бо сокинон мулоқот анҷом дода, талаби овехтани аксҳои Бердимуҳаммадовро кардаанд.

Дар ин мулоқотҳо бештар кормандони муассисаҳои буҷавӣ даъват мешаванд.

XS
SM
MD
LG