Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Блинкен ба Украина


Фурудгоҳи Борисполи Киев, 19 январ
Фурудгоҳи Борисполи Киев, 19 январ

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 19 январ ба нишони пуштибонӣ аз Украина дар пасманзари нигарониҳо аз эҳтимоли ҳамлаи Русия ба Украина ба шаҳри Киев расид. Қарор аст Блинкен бо президент Владимир Зеленский ва дигар мақомоти Украина дидору гуфтугӯ кунад. Рӯзи 20-уми январ ӯ ба Берлин меравад, то дар ҷаласае бо иштироки мақомоти Бритониё, Фаронса ва Олмон як эътилофи воҳиди ғарбӣ ба ҳимояти Украинаро эҷод кунад.

Инчунин рӯзи 21 январ дар Женева мулоқоти Блинкен бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров барпо мешавад. Ин дипломатҳои баландпоя рӯзи 18 январ бо ҳам як сӯҳбати телефонӣ доштанд.

Русия бо истиқрори 100 ҳазор сарбозу муҳимоти ҷангиаш дар хати сарҳад бо Украина ва ташкили машқҳои низомӣ дар Беларус хатари ҳамла ба Украинаро ба вуҷуд овардааст. На танҳо дар Киев, балки дар бисёр пойтахтҳои кишварҳои ғарбӣ аз хатари сар задани низои азими наве сӯҳбат мешавад.

Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи 18-уми январ дар баробари хабарнигорон гуфт, “ин як ҳолати бисёр хатарнок аст. Мо ҳоло дар як марҳилае қарор дорем, ки Русия метавонад ҳар лаҳза ба Украина ҳамла кунад”.

Азимтарин мавриди истиқрори нирӯҳои Русия дар сарҳади Украина ба ҳодисаҳои атрофи ишғоли нимҷазираи Қрим дар соли 2014 рабт мегирад. Он замон Русия ин қаламравро забт кард, аз ҷудоиталабони украинӣ дар шарқи Украина ҳимоят кард ва дар натиҷаи низоъҳо аз он замон то кунун 13 ҳазору 200 нафар кушта шуданд. Ин амалҳои Маскавро бисёр кишварҳо маҳкум карданд. Худи Русия ҳама гуна нақшаи эҳтимолии ҳамла ба Украинаро рад карда НАТО-ро барои нияти ба узвияташ қабул кардани Украина интиқод кардааст.

XS
SM
MD
LG