Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберта Метсола - зодаи Малта раиси Порлумони Аврупо шуд


Роберта Метсола, раиси нави Порлумони Аврупо.
Роберта Метсола, раиси нави Порлумони Аврупо.

Роберта Метсола - сиёсатмадори зодаи Малта раиси Порлумони Аврупо интихоб шуд. Метсола ҷавонтарин раиси Порлумони Аврупо дар тамоми тӯли таърихи ин созмон аст: вай ҳамагӣ 43 сол дорад. Метсола ҳамчунин нахустин намояндаи Малта - хурдтарин кишвари Иттиҳоди Аврупо - аст, ки яке аз сохторҳои Иттиҳодро роҳбарӣ мекунад.

Метсола ҷонибдори сарсахти қонунгузорӣ дар бахши исқоти ҳамл аст, аммо пеш аз интихоб шуданаш ба ҳайси раиси порлумон вай ваъда кард, ки аз мавқеи аксари вакилон ҷонибдорӣ мекунад.

Роберта Метсола ҳамсари вакили Порлумони Аврупо аз Финландия Укко Метсола аст. Онҳо чаҳор фарзанд доранд.

Ахиран дар Порлумони Аврупо бо ширкати роҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Жозеп Боррел гуфтугӯ сурат гирифт. Мавзуи гуфтугӯ ташаннуҷи авзоъ дар марзи Украина бо Русия буд. Боррел гуфт, дар марзи Украина 140 ҳазор низомии рус ҷамъ омадааст. Боррел гуфт, дар сурате, ки агар Русия ба Украина ҳамла кунад, Иттиҳоди Аврупо нисбати Русия таҳримҳои сахт ҷорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG