Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон мехоҳад, шаҳрвандони зиндонияшро аз Тоҷикистон барад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Идораи Омбудсмени Қирғизистон оид ба ҳуқуқи инсон аз Додситонии кулли ин кишвар дархост кардааст, ки имкони истирдоди ду маҳбуси қирғизистониро аз Тоҷикистон ба ватан баррасӣ кунад.

Ба огаҳии идораи омбудсмен, сокини ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон ба ин ниҳод муроҷиат карда, гуфтааст, шавҳари ӯ - Нооман Самадов ҳамроҳи Саидакмат Артиков аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон дастгир ва ба зиндон маҳкум шудаанд. Самадов 2 сол ва Артиков 18 сол аз озодӣ маҳрум гаштаанд.

"Худи маҳкумшудаҳо айбҳои эъломшударо беасос ва дорои ангезаи сиёсӣ медонанд. Аз шикоят ба зинаҳои болоии додгоҳӣ ҳам даст кашидаанд," - гуфтанд дар идораи омбудсмен.

Наздикони Самадов ва Артиков аз мақомоти Қирғизистон дархост кардаанд, ки онҳоро аз маҳбаси Тоҷикистон ба ватан истирдод кунанд. Бинобар ин, Идораи Омбудсмени Қирғизистон аз Додситонии кулли он кишвар дархост кардааст, ки имкони истирдоди қирғизистониҳоро аз маҳбаси Тоҷикистон ба ватан баррасӣ намояд.

Ба гуфтаи наздикони Самадов ва Артиков, ин ду шаҳрванди Қирғизистон, ки моҳи сентябри соли 2021 дастгир гаштаанд, дар Тоҷикистон нахуст ба убури ғайриқонунии марз ва дертар ба ҷосусӣ гунаҳкор шудаанд.

XS
SM
MD
LG