Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимур Қулибоев, домоди дигари Назарбоев ҳам истеъфо дод


Тимур Қулибоев ва Динора Қулибоева
Тимур Қулибоев ва Динора Қулибоева

Тимур Қулибоев, яке аз домодҳои бонуфузи президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, аз мансаби раиси "Отамакон", палатаи миллии соҳибкорон, истеъфо дод. Изҳороти ӯ рӯзи 17-уми январ дар вебсайти созмон нашр шуд.

Қулибоев аз соли 2013 ин вазифаро ба дӯш дошт. Ӯ гуфтааст, натиҷаи асосии кораш дар ин мақом "танзими муколамаи доимии соҳибкорон ва ҳукумат" буд ва, ба иддаои ӯ, "ҳадаф амалӣ шудааст".

Домоди президенти пешин дар садри феҳрасти даҳ соҳибкори бонуфузтарин ва дар панҷгонаи соҳибкорони сарватманди Қазоқистон мебошад. Ҳамсараш Динора Қулибоева – духтари миёнаи Назарбоев – дар рӯйхати Forbes Kazakhstan дар ҷойи панҷум аст. Дороии онҳо дар моҳи майи соли 2021 ду миллиарду нуҳсад миллион доллар ҳисоб шуда буд. Forbes мегӯяд, дар пайи эътирозҳои моҳи январ дар Қазоқистон, сарвати Қулибоевҳо 200 ҳазор доллар кам шудааст.

Ин хабар дар ҳолест, ки рӯзи 15-уми январ ду домоди дигари Назарбоев аз мақомҳои раҳбарӣ дар ширкатҳои нафту гази Қазоқистон истеъфо доданд.

Димаш Досанов, шавҳари Алия аз мақоми мудири "КазТрансОйл" ва Кайрат Шарифбоев, ки ӯро шавҳари Дариға Назарбоева меноманд, аз мақоми мудири "Казахгаз" канор рафтанд. Сабаби истеъфои домодҳо гуфта намешавад.

Қаблан президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, дар эҷоди вазъи эътирозӣ дар кишвар ҳукумат ва ширкатҳои миллии нафтии "Казахгаз" ва "КазМунайГаз" гунаҳкоранд.

Рӯзи 2-юми январ бо нигаронӣ аз боло рафтани нархи гази моеъ дар Жанаозен, ғарби Қағоқистон, эътирозҳо шуруъ шуд ва тадриҷан тамоми кишварро фаро гирифт. Мақомот иддао карданд, ки ба шаҳри Алмаато "20 ҳазор террорист ҳамла кардааст", аммо баъдан ВКД гуфт, манзури мақомот шумори умумии иштирокдорони намоишҳои эътирозӣ аст.

Тоқаев бо ин баҳона ба СПАД (ОДКБ) муроҷиат кард ва мадади низомӣ хост. Рӯзи 6-уми январ садҳо нирӯи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, вориди Қазоқистон шуданд. Ҳарбиёни паймон гуфтанд, вазифаашон аз таъмини амнияти муассисаҳои стратегӣ иборат буд.

Тоқаев рӯзи 10-уми январ дар ҷаласаи онлайнии СПАД гуфт, ҳодисаҳои охири Қазоқистон "талоши табаддулоти давлатӣ" бо иштироки "террористон, аз ҷумла, террористон аз хориҷа" буд.

Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, то ин дам наздик ба 10 ҳазор нафар дастгир шудаанд. 550 парвандаи ҷиноӣ, аз ҷумла 44 парванда дар робита бо амалҳои террористӣ ва 15 парванда аз рӯи моддаи куштор мавриди таҳқиқ будааст.

Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 15-уми январ гуфт, дар эътирозҳо на камтар аз 225 нафар кушта шуда, 19 нафари онҳо кормандони сохторҳои қудратӣ ҳастанд. Канат Таймерденов, сардори пулиси шаҳри Алмаатои Қазоқистон, рӯзи 16-уми январ гуфт, дар ҳодисаҳои аввали моҳи январ аз миёни шаҳрвандон 149 кас ва аз ҳисоби кормандони ҳифзи ҳуқуқ 11 кас кушта шуданад.

Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз мақомоти Қазоқистон хост, ҳодисаҳои марбут ба поймолшавии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, "истифодаи нирӯ аз ҷониби сохторҳои қудратӣ" мунсифона таҳқиқ шаванд.

XS
SM
MD
LG