Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Дар Алмаато 149 кас кушта шуд, "шахсони ношинос" беш аз 40 ҷасадро рабуданд


Бинои шаҳрдории Алмаато пас аз беназмиҳо. 12-уми январи 2022
Бинои шаҳрдории Алмаато пас аз беназмиҳо. 12-уми январи 2022

Канат Таймерденов, сардори пулиси шаҳри Алмаатои Қазоқистон, рӯзи 16-уми январ гуфт, ки дар ҳодисаҳои ибтидои моҳи ҷорӣ чанд кас кушта шудааст.

"Миёни шаҳрвандон 149 кас кушта шудааст. Аз ҳисоби кормандони ҳифзи ҳуқуқ 11 кас," -- гуфт Таймерденов. Вай хабар надод, ки аз тирҳои дайду чи теъдод аз сокинони осоишта кушта шудаанд.

Пештар аз ин, Додситонии кулли Қазоқистон гуфт, дар саросари он кишвар дар умум 225 кас кушта шудааст. Ин нахустин иттилои расмӣ аст, ки додситонӣ онро "иттилои ибтидоӣ" номид.

Таймерденов рӯзи 16-уми январ ҳамчунин аз ҳафт ҳамла ба сардхона ё мурдахонаҳои шаҳри Алмаато хабар дод, ки ба гуфтаи вай дар рӯзҳои бетартибӣ сурат гирифтааст.

"Ҳамлаҳоро одамони аз қабл омодагӣ дида анҷом додаанд, ки силоҳро хуб кор мефармуданд ва услубҳои ҷангро медонистанд. Онҳо маҷруҳону кушташудаҳоро бо худ бурдаанд, ки шумораашон ба 41 мерасад," -- афзуд Таймерденов.

Ба гуфтаи сардори пулис, ҳамлагарон ҷасадҳоро аз бинои пулис низ бо худ бурдаанд.

Рӯзи 5-уми январ дар шаҳри Алмаато чанд ҳазор эътирозгар дар майдони «Республика» ҷамъ шуда, бинои ҳукуматро ғасб карданд. Ҳамон шаб фурудгоҳи шаҳри Алмаато низ ғасб шуд. Шаби 6-уми январ ғоратгарон фурӯшгоҳу бонкҳо ва муассисаҳои дигарро ғорат кардаву чанд мошинро оташ заданд.

XS
SM
MD
LG