Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди гирифторон ба COVID-19 дар дунё дар як ҳафтаи охир 55 дарсад афзудааст


Бештар аз 15 миллион кас дар саросари дунё дар як ҳафтаи ахир ба коронавирус гирифтор шудааст. Ин болотарин нишондод дар тамоми тӯли мавҷудияти коронавирус аст.

Ба фарқ аз як ҳафтаи пеш теъдоди гирифторон 55 дарсад афзуда, шумори маргу мир тақрибан тағйир наёфтааст. Дар ин бора Созмони ҷаҳонии беҳдоштӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои ин созмон, ба ҷуз аз Африқо, ҳамаи дигар минтақаҳои дунё аз афзоиши гирифторӣ хабар додаанд. Дар Ҷанубу Шарқи Осиё теъдоди гирифторон якбора 400 дарсад боло рафтааст.

Афзоиши якборагии гирифторӣ ба коронавирус ба паҳншавии навъи "омикрон" рабт дорад. Ин навъи коронавирус бори аввал охири моҳи ноябр дар Африқои Ҷанубӣ сабт шуд.

Бино ба пешбиниҳои Созмони ҷаҳонии беҳдоштӣ, дар 6-8 ҳафтаи оянда бештар аз нисфи аҳолии Аврупо ба навъи нави коронавирус гирифтор хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG