Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил гуфт, ба паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон ним миллион доллар медиҳад


Марзи Тоҷикистону Афғонистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон

Ҳукумати Исроил гуфтааст, ба паноҳҷуёни афғон, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, ҳудуди 500 ҳазор доллар мадад мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Исроил дар эъломияе рӯзи 11-уми январ гуфт, паноҳҷуёни афғон метавонанд, аз ин кумак барои харидани хӯрок, дору ва маводи дигари зарурӣ истифода кунанд.

Як мансабдори баландпояи Вазорати корҳои хориҷии Исроил рӯзи сешанбе гуфт, кишвараш ифтихор мекунад, барои афғонҳое, ки пас аз ҳокимияти дубораи Толибон аз Афғонистон берун шудаанд, ёрӣ мерасонад.

Пештар мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки 15 ҳазор паноҳҷӯи афғонро қабул кардаанд. Намояндаи Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид ин шумораро тақрибан 12 ҳазор нафар гуфта буд. Қаблан баъзе аз паноҳҷӯён Тоҷикистонро барои бастани марзҳо ва роҳ надодани занону кӯдакон танқид карда буданд.

XS
SM
MD
LG