Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навъи "омикрон"-и коронавирус то Қирғизистон расид


Бишкек. Акс аз моҳи майи 2021
Бишкек. Акс аз моҳи майи 2021

Дар Қирғизистон мавридҳои нахустини гирифторӣ ба навъи "омикрон"-и коронавирус сабт шудааст. Дар ин бора Ойгул Жумаканова, як масъули вазорати ҳифзи тандурустии Қирғизистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, аз 165 шаҳрванди ташхисшуда 2 кас ба "омикрон" гирифтор будаанд. Ташхис аз 4 то 6-уми январи имсол анҷом шуда, аммо натиҷаҳо он танҳо баъди 6 рӯз ошкор шудааст.

Ҳамзамон расонаҳо бо такя ба Вазорати тандурустии он кишвар аз мавҷи чаҳоруми вабои коронавирус дар Қирғизистон хабар медиҳанд.

Навъи "омикрон"-и коронавирус бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ сабт шуд. Мутахассисон гуфтанд, ин навъи коронавирус хосияти зуд паҳншавӣ дорад ва ҳатто ба шахсоне сироят мекунад, ки ваксина гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG