Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маоши вакилон ва вазирони Қазоқистон дар 5 соли оянда намеафзояд"


Акс аз 7-уми январи 2021
Акс аз 7-уми январи 2021

Президенти Қазоқистон рӯзи 11-уми январ дар мулоқот бо аъзои нави ҳукумати кишвараш гуфт, ки маоши вазирон, вакилон ва роҳбарони минтақаҳо дар 5 соли оянда нахоҳад афзуд.

Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, ин тасмимро ба хотири он гирифтааст, ки мансабдорон "даромади хуб доранд".

Вай дар ин мулоқот ҳамзамон афзуд, мансабдорон наметавонанд, бо мардум гуфтугӯ кунанд. Ба бовари Тоқаев, аъзои ҳукумат бояд ба таври мунтазам ба минтақаҳо раванд ва роҳбарони минтақаҳо пайваста бо сокинон мулоқот анҷом диҳанд.

Пештар аз ин, Тоқаев дар суханрониаш дар порлумон президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро танқид кард.

XS
SM
MD
LG