Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ним миллион воя ваксинаи "Moderna" ба Узбекистон оварда шуд


Узбекистон аз барномаи ҷаҳонии COVAX бештар аз ним миллион воя ваксинаи "Moderna" ройгон дарёфт кард. Барномаи COVAX рӯзи душанбе ин миқдор воя ваксинаи зидди коронавирусро ба Тошканд дод. Дар ин бора намояндагии ЮНИСЕФ дар Узбекистон хабар дод.

Ба иттилои вазорати тандурустии Узбекистон, дар соли нав ин нахустин вояҳои ваксина аст, ки ба ин кишвар оварда мешавад. Теъдоди вояҳое, ки дар доираи барномаи COVAX ба Узбекистон оварда шудааст, дар маҷмуъ бештар аз 9,5 миллион зиёд аст.

Узбекистон дар маҷмуъ аз хориҷ 49,5 миллион вояи ваксинаи ройгон дарёфт кардааст

XS
SM
MD
LG