Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби садамаи автобус дар Корвонро шарҳ доданд


Роҳи назди бозори "Корвон". Акс аз бойгонӣ
Роҳи назди бозори "Корвон". Акс аз бойгонӣ

Ронандаи автобусе, ки дар назди бозори Корвон чанд мошин ва як ҷавонзанро пахш кард, бар асари истеъмоли зиёди дору аз ҳуш рафта, натавонистааст нақлиётро идора кунад.

Ҳодиса рӯзи 8- уми январ дар сероҳаи назди бозори калонтарини Душанбе, Корвон рух додааст.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар хабарномае сабаби ин садамаро шарҳ дода, гуфтааст, ронандаи автобус, Шуҳрат Мардонов қабл аз ба роҳ баромадан доруи “Баралгин”- ро зиёд истеъмол карда, дар назди бозори Корвон аз ҳуш рафтааст. Дар натиҷа нақлиёти мусофикркаш ба самти муқобили роҳ баромада, ба 5 мошин бархурдааст. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар ин ҳодиса як ҷавонзане зери чархи автобус монда, фавтидааст ва чанд нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Дар наворе ҳам, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз маҳалли ҳодиса нашр шуд, дида мешавад, ки автобус ҳаракат дорад, мардум талош доранд онро манъ кунанд ва зери чархаш одам аст. Мақомот ҳодисаро таҳқиқ доранд. Дар маҳалле, ки садамаи автобус рух додааст, сероҳаи бозори Корвон, маъмулан рӯзҳои истироҳатӣ хеле серодам аст.

XS
SM
MD
LG