Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат гуфт, ки чаро "Яккасарой" дар Душанбе оташ гирифт. ВИДЕО


Сӯхтор дар тарабхонаи маъруфи "Яккасарой"-и шаҳри Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8-уми январ гуфт, ки тарабхонаи “Яккасарой” дар Душанбе ба сабаби беназорат гузоштани “кондитсионер” сӯхтааст.

Ҳодиса рӯзи 7-уми январ рӯй дод.

Мақомот мегӯянд, тақрибан ба маблағи 7 миллион сомонӣ молу маҳсулотро аз сӯхтан наҷот доданд, вале зиёни расидаро нагуфтаанд.

“Аз сӯхтор ҳеч кас зарарӣ ҷисмонӣ набардоштааст. Таҳқиқи ҳодиса аз ҷониби гурӯҳи корӣ идома дорад,” -- гуфтанд дар Вазорати корҳои дохилӣ.

Тарабхонаи “Яккасарой” соле пеш мавриди истифода қарор дода шуд ва аз бузургтарину гаронтарин толори баргузории маросими арӯсӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба шумор меравад.

Сӯхтори биноҳо ва бозорҳо дар Тоҷикистон падидаи нав нест. Мақомот бештаре аз ин ҳодисаҳоро ба риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ё расиши кӯтоҳи ноқилҳо рабт дода, баъзеро амали барқасдона гуфтаанд.

XS
SM
MD
LG