Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири сиёсӣ ё иқтисодӣ? Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба ҳодисаҳои Қазоқистон. ВИДЕО


Алмаато, 5-уми январи 2022
Алмаато, 5-уми январи 2022

Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба ҳодисаҳои Қазоқистон, кишвари саршор аз нафту гази Осиёи Марказӣ, яксон нест. Дар ҳоле ки таҳлилгарони мустақил эътирозу ноамниҳоро дар Қазоқистон “дарсе” барои ҳукуматҳои минтақа медонанд, коршиносони наздик ба ҳукумат “амали барномарезишуда” мепиндоранд.

“Мушкилотро имрӯз ҳал кунанд, на...

Дар Қазоқистон тазоҳуроти мардум ба зидди болоравии нархи гази моеъ рӯзи 2-юми январ шуруъ шуд ва 5-уми январ ба хушунат печид. Эътирозгарон тағийри ҳукумат ва аз байн бурдани фасоду хешутаборбозиро талаб доранд. Ҳукумат эътирозгаронро “террорист” номид ва аз кишварҳои узви СПАД (ОДКБ) ёрӣ хост. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, барои "рафъи хатари ба миёномада" ба Қазоқистон кумак мекунанд.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, вазъи пешомада дар Қазоқистон ба кишварҳои Шӯравии пешин, аз ҷумла Тоҷикистон, бетаъсир нахоҳад монд.

“Пеш аз ҳама, барои ҳукуматҳои ҳамсоя бояд дарсе бошад, ки мушкилоти мардуми худро имрӯз ҳал кунанд. Ба умеди он наистанд, то ин гуна ҳодиса рӯй бидиҳад. Вақте чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд, аллакай дер мешавад,” – гуфт ӯ рӯзи 6-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Нооромии ахири Қазоқистон ба Тоҷикистон чӣ таъсир хоҳад дошт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

“Таъсири иқтисодияш бештар хоҳад буд”

Коршиносони наздик ба ҳукумат, баръакс, эътирозҳои рӯзҳои охирро дар Қазоқистон “аз қабл тарҳрезишуда” ва кори гуруҳҳое медонанд, ки “дар дохил ва хориҷ омода шудаанд”. Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос ва муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, бовар дорад, ҳодисаҳои Қазоқистон ба Тоҷикистон бештар таъсири иқтисодӣ хоҳанд дошт, на сиёсӣ.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Вай афзуд: “Ба гузаштани қаторҳои Тоҷикистон аз ҳудуди он кишвар таъсир дорад. Ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қазоқистон кору зиндагӣ доранд, таъсир мерасонад. Мумкин аст, ба таъмини ғалла дар кишвар ҳам асари бад гузорад. Умуман таъсири иқтисодии ин ҳодисаҳо нисбат ба таъсири сиёсиаш, ба фикрам, бештар аст.”

Қазоқистон аз соли 2015 дар баробари Русияву Чин шарики стратегии Тоҷикистон аст. Модели сиёсии рушди қудратгароӣ (авторитарӣ) дар ҳарду кишвар онҳоро шабеҳи ҳам карда, омили наздик шудани раҳбарони сиёсии ин кишварҳо гаштааст.

Назарбоев... ва маҷмӯи камбудҳо

Раёсати ҷумҳурии Қазоқистонро то соли 2019 “элбасӣ” (пешво) Нурсултон Назарбоев бар уҳда дошт. Ӯ се сол пеш аз мансаб рафт, аммо ба ҳайси раиси доимии Шӯрои амният ва раҳбари ҳизби ҳокими “Нур Отан” ҳузури худро дар сиёсат ва қудрат ҳифз кард.

Сокинон дар эътирозҳои охир пурра рафтани ӯ ва наздиконашро аз ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии Қазоқистон талаб карда, рӯзи 5-уми январ муҷассамаашро чаппа намуданд.

Муҷассамаи Нурсултон Назарбоев. Талдиқурғон
Муҷассамаи Нурсултон Назарбоев. Талдиқурғон

Баъзе аз коршиносони тоҷик мегӯянд, ҳодисаҳои Қазоқистон ҳосили як ду соли соли охир нест, балки маҷмӯи мушкилотест, ки аз ҷумла дар замони ҳокимияти Назарбоев ҷамъ шудаанд.

Ба қавли Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, “Нурсултон Назарбоев дар марҳилаҳои аввали раҳбарӣ барои якпорчагӣ, ислоҳоти иқтисодии кишвараш, дар муқоиса ба давлатҳои дигар, корҳои муваффақонаеро анҷом дод, аммо бо талоши тӯлонӣ мондан дар қудрат боиси норозигии мардум гашт.”

“Ҳамзамон доираҳои муайяни манфиатдор аз шахсияти Назарбоев суистифода карданд ва минбаъд ба вай мақомҳои иловагӣ доданд. Ба монанди пешво ё сарвари қазоқҳо ва ғайра. Дар қудрат мондани ӯ боиси доротар шудани онҳо ва монополия дар сарватҳои миллӣ гардид ва нобаробариро ба вуҷуд овард,” – шарҳ дод Ҳакимов.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Сарватҳои табиӣ, нобаробарӣ

Дар миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, ки сӣ сол пеш аз Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлол ба даст оварданд, Қазоқистон кишвари сарватмандтарин ба ҳисоб меравад. Ҳудуди он ки ба андозаи Аврупои Ғарбӣ бузург аст, захираҳои бузурги нафту гази табиӣ, уран ва маъданҳои дигари гаронбаҳо дорад.

Раҳпаймоие, ки боиси буҳрони охир дар Қазоқистон шуд, рӯзи дувуми январ аз шаҳри нафтии Жанаозен оғоз шуд. Эътирози сокинон аз он аст, ки сарватҳои табиӣ ба фоидаи ҳамаи аҳолӣ сарф намешавад. Чизе, ки мақомоти Қазоқистон намепазиранд ва, баръакс, барои саркӯби, ба гуфтаашон, “таҳдиди террористӣ” нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро даъват кардаанд.

XS
SM
MD
LG