Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев мақоми Назарбоевро гирифт. Дар Қазоқистон тазоҳуроти мардум зиёдтар шудааст. ВИДЕО, АКС


Қазоқистон

Дар ҳоле ки тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Қазоқистон авҷ мегирад, президент Қосимҷомарт Тоқаев бори дигар тавассути телевизиони давлатӣ эълон кард, ки кишварро тарк намекунад.

Норозиён рӯзи 5-уми январ ба шаҳрдории Алмаато, бинои ҳукумати Оқтеппа ва қароргоҳи раиси ҷумҳурӣ юриш бурданд. Маъмурони пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз норинҷакҳои гиҷкунанда истифода карданд. Дар бораи захмиҳо ва қурбониён гузориш мерасад, аммо шумораи дақиқи онҳо эълон нашудааст.

Тазоҳурот дар гӯшаҳои гуногуни Қазоқистон ба зидди ҳукумат аз 2-юми январ идома дорад. Эътирозгарон дар аввал аз болоравии нархи гази моеъ шикоят доштанд, ҳоло тағйироти сиёсӣ, аз байн бурдани фасоду хешутаборбозиро мехоҳанд.

Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 5-уми январ гуфт, ки раёсати Шӯрои амнияти Қазоқистонро ба уҳда мегирад. Қаблан ин идораро президенти собиқ, Нурсултон Назарбоев, раҳбарӣ дошт. Вай дар соли 1991 дар Қазоқистон ба қудрат расид ва моҳи марти соли 2019, баъди қариб 30 соли роҳбарӣ, аз мақом канор рафт, аммо ба ҳайси раиси доимии Шӯрои амният ва раиси Ҳизби Нур Отан нуфузи худро ҳифз кард.

Тоқаев рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки акнун ҳамчун раиси Шӯрои амният чораҳои сахттар меандешад. "Дар ояндаи наздик пешниҳодҳои худро дар мавриди дигаргунсозии сиёсии Қазоқистон нашр хоҳам кард," -- гуфт ӯ. Аз ин пеш, вай ҳукуматро ба истеъфо фиристод ва дар шаҳри Нурсултон, Алмаато ва Мангистау вазъи фавқулода ҷорӣ кард.

Баъзе аз таҳлилгарон ба ин нукта ишора мекунанд, ки авзоъ дар Қазоқистон тавре аз назорат хориҷ шуд, ки ҳукумат интизор надошт ва фикр мекард, гуруҳе бо нишони эътироз аз болоравии қимати маводи сӯхт роҳро бастанд ва ором мегиранду мераванд.

"Аммо, баръакс, тазоҳурот дар шаҳрҳои дигар сар зад ва акнун ҳукумати Қосимҷомарт Тоқаев мехоҳад, аз як тараф бо зӯр, аз ҷумла эълони вазъи фавқулода ва аз тарафи дигар бо пешниҳоди имтиёз ба мардум, вазъро ором кунад," -- мегӯяд сиёсатшинос Досим Сатбоев.

Ӯ дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, "истеъфои ҳукумат ҳам як навъ гузаште ба талаботи эътирозгарон аст, ки онро солҳои дароз ба ислоҳоти бесамари иҷтимоиву иқтисодӣ муттаҳам мекарданд."

Ба қавли таҳлилгари қазоқ, муроҷиати Қосимҷомарт Тоқаев ба мардум ҳам баёнгари он буд, ки худаш дарк накардааст, ки решаҳои рӯҳияи эътирозӣ амиқтар аст ва сабаб мушкилоти зиёди иҷтимоиву иқтисодиест, ки дар ин кишвари саршор аз манобеи нафту газ ҷамъ шудаанд.

Наворро дар инҷо бинед:

Ҳукумати Қазоқистон барканор шуд, Эътироз давом дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Таҳлилгари қазоқ афзуд, соли 2019, дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар гӯшаҳои гуногуни Қазоқистон ҷомеа фаъол шуд ва талаботи сиёсӣ ҳам пеш гузоштанд.

"Онҳо умедвор буданд, ки бо омадани Қосимҷомарт Тоқаев, ки Нурсултон Назарбоевро иваз кард, вазъ тағйир меёбад, интихоботҳо озодона сурат мегиранд, аҳволи зиндагии мардум беҳтар мешавад. Аммо ваъдаҳо дар бораи гулгулшукуфон кардани Қазоқистон пуч баромад. Дигар ин ки мардум аз ҳукумат наметарсанд ва сари он андеша мекунанд, ки чаро кишварҳои дигар пеш мераванд ва Қазоқистон бо ин ҳама имконоту сарвати табииаш, аз ҷой намеҷунбад," – мегӯяд Досим Сатбоев.

Дар умум, ба қавли ӯ, руҳияи эътирозӣ дар Қазоқистон сабабҳои зиёде дорад, аз ҷумла ноқаноатмандӣ аз вазъи феълӣ, ноумедӣ аз ҳукумат, ки ба ваъдаҳояш вафо накард ва лабрез шудани косаи сабри мардум, ки солҳои дароз умедвор буд, авзоъ ва зиндагиашон беҳтар мешавад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG