Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Банкомат кор намекунад." Таъсири ҳодисаҳои Қазоқистон ба кори бонкҳо дар Тоҷикистон


Яке аз банкоматҳо дар Душанбе. 6-уми январи 2022

Эътирозу нооромиҳои давомдор дар Қазоқистон ба кори камияш се бонк дар Тоҷикистон – "Алиф", "Ориёнбонк" ва "Халиқ Бонк" – мушкил эҷод кардааст.

Масъулони "Ориёнбонк" рӯзи 6-уми январ гуфтанд, "дар робита ба пайдо шудани мушкил дар кори провайдери алоқа дар ҳудуди Қазоқистон, дар банкомат, терминал ва пардохтҳои онлайнӣ, мумкин аст, мушкил пеш ояд."

Бонки "Алиф" ҳам навишт, "аз сабаби корҳои техникӣ дар интернет-провайдерҳои Қазоқистон амалиёт бо кортҳои Visa ва банкоматҳо муваққатан қатъ гардидаанд."

Бонкҳои дигари Тоҷикистон дар бораи пайдо шудани мушкил дар истифодаи кортҳои Visa ҳеч хабар надодаанд. Як масъули Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 6-уми январ бо шарти зикр нашудани ном ба Радиои Озодӣ гуфт, бар иловаи бонки "Алиф" ва "Ориёнбонк", дар кори "Халиқ Бонк Тоҷикистон" ҳам камбудӣ пайдо шудааст.

"Халиқ Бонк Тоҷикистон" ҳоло бо марказ, яъне бо Халиқ Бонки Қазоқистон алоқа надорад ва аз ин рӯ дар кораш мушкил пеш омадааст. Умедворем, то фардо ин масъала ҳалли худро пайдо мекунад," -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Аммо ин масъули Бонки Миллӣ афзуд, додани қарз ё истифода аз "Корти миллӣ"-и "Алиф" ва "Ориёнбонк" ҳеч камбудӣ надорад. Бонки "Алиф" ҳам дар баёнияаш ин нуктаро тасдиқ карда, гуфтааст, "барои пардохтҳо метавонед тавозуни барномаи alif mobi ва "Корти миллӣ"-ро истифода баред."

Ҳоло дақиқ нест, ки мушкили бонкҳои Тоҷикистон кай пурра ҳал мешавад. Бонкдорон инро ба вазъи Қазоқистон ва пурра барқарор шудани хати интернет дар он кишвар пайванд доданд.

Панҷ рӯз боз дар шаҳрҳои калонтарини Қазоқистон тазоҳурот идома дорад. Сокинони норозӣ аввал бо талаби поин овардани нархи гази моеъ ба кӯчаҳо баромаданд, сипас истеъфои ҳукумат ва аз байн бурдани фасоду хешутаборбозиро талаб карданд.

Рӯзи 5-уми январ эътирозҳо дар Алмаато ба хушунат печид ва ҳукумати Қазоқистон онро “таҳдиди террористӣ” хонда, аз шариконаш дар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ёрӣ хост.

Бино ба гузориши расонаҳо, Русия нерӯҳои сулҳофари худро ба Қазоқистон фиристодааст. Тоҷикистон ҳам барои фиристодани нерӯҳояш ба Қазоқистон ибрози омодагӣ кард. Дар саросари Қазоқистон вазъи фавқулода ҷорӣ шудааст.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG