Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тазоҳурот дар Қазоқистон ба хун олуда шуд" ВИДЕО


Алмаато
Алмаато

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) эълон кард, ки теъдоде аз сарбозони русро бо тақозои раиси ҷумҳурии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба ин кишвар фиристодааст, то дар ором кардани авзоъ кумак кунанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳам гуфтаанд, ки омодаанд, садҳо сарбози кишварро барои, ба гуфтаи онҳо, рафъи хатар дар кишвари узви паймон ба Қазоқистон фиристанд.

Дар ин кишвар тазоҳуроте, ки ба сабаби боло рафтани нархи гази моеъ сар зад, ба нооромӣ кашида ва ба хун олуда шуд. Маълум нест, ки чанд нафар кушта шудаанд, вале тазоҳургарон мегӯянд, ҳангоми юриш ба бинои ҳукумати Алмаато рӯзи 5-уми январ шоҳиди ҳалокати даҳҳо нафар буданд.

“Ҳукумати Алмааторо гирифтанд. Онҳо ҷавонон буданд. Бисёре аз нерӯҳои амниятӣ либосҳояшонро монданд ва ман якеро гирифтам. Вақте мо ба ҳукумат рафтем, сарбозон тирандозиро шуруъ карданд, панҷ нафар кушта шуданд. Даҳ нафар захм бардоштанд,” – нақл кард яке аз эътирозгарон.

Тазоҳургари дигари асабонӣ гуфт, на панҷ нафар, балки теъдоди зиёдтаре кушта шудаанд. Дар нооромиҳо садҳо нафар захм бардоштанд ва яке аз онҳо бо Радиои Озодӣ суҳбат кард: “Агар хоҳед ба онҷо равед, дар онҷо одамоне ҳастанд, ки ҳолашон аз ман бадтар аст. Онҷо равед, бинед, чӣ мегузарад, як нафар дар ҳоли марг аст.”

Тазоҳурот дар Қазоқистон ба хун олуда шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Мақомоти расмӣ рӯзи 6-уми январ тазоҳургаронро “ифротгаро” номида, гуфтанд, ки ҳангоми юриш ба бинои ҳукумати Алмаато даҳҳо нафари онҳоро “нобуд кардаанд”. Бино ба гуфтаи мақомот, 13 маъмури амниятӣ кушта ва бештар аз 350 каси дигар захмӣ шудаанд.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, нооромиҳоро кори дасти террористони байнулмилалӣ донист, вале далеле наовард. Ӯ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ гуфт: “Ин бандаҳои террористӣ аслан гуруҳҳои байналмилалӣ ҳастанд ва дар хориҷ тамринҳои ҷиддӣ гирифтаанд ва ҳамлаи онҳо ба Қазоқистон, бояд ҳамчун таҷовуз дониста шавад.”

Ӯ аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷмъӣ, як созмони таҳти раҳбарии Русия кумак хост ва баъди муддати кӯтоҳе ҳам гирифт. Тоҷикистон ҳам омода аст, барои ба гуфтаи мақомот рафъи хатар ба Қазоқистон кумак расонад.

Тазоҳурот дар Қазоқистон аввал дар шимоли кишвар ба сабаби боло рафтани қимати гази моеъ сар зад ва дар дигар шаҳрҳо паҳн шуд. Шиорҳо ҳам сиёсӣ шуданд. Як тазоҳургар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чаро ба эътироз пайвастааст: “Кор нест, дигар илоҷе ба ғайр эътироз набуд. То кай мо инро тоқат мекунем?”

Тазоҳурот шаҳрҳои дигар, аз ҷумла Ақтау, Жанаозен ва Оқтеппаро такон дод ва мақомот даҳҳо нафарро дастгир карданд. Азбаски Интернетро дар Қазоқистон қатъ кардаанд, хабарҳо дар бораи аҳволи рӯзи 6-уми январ ба сахтӣ мерасанд.

XS
SM
MD
LG