Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳои Туркманистон эътирозҳои Қазоқистонро бозтоб намекунанд


Тазоҳурот дар Қазоқистон.
Тазоҳурот дар Қазоқистон.

Расонаҳои давлатии Туркманистон ҳамоишҳои эътирозиеро, ки дар Қазоқистон идома доранд, бозтоб намекунанд.

Вале зоҳиран худи туркманистониҳо ҳаводиси ҷорӣ дар ҳамсоякишвари худро пайгирӣ мекунанд. Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, шаҳрвандони Туркманистон дар суҳбатҳои худ ҳодисаҳои Қазоқистонро баррасӣ мекунанд.

Хабарнигори радио дар вилояти Балкан, ки бо вилояти Мангистауи Қазоқистон ҳаммарз аст, мегӯяд, ҳамоишҳои эътирозии Қазоқистон давоми чанд рӯзи ахир ба яке аз мавзуъҳои баҳсшаванда миёни туркманистониҳо табдил ёфтааст.

Шаҳрвандони Туркманистон дар суҳбатҳояшон мушкилоти иҷтимоии худро бо мушкилиҳое муқоиса мекунанд, ки садҳо ҳазор қасоқистониро ба кӯчаҳо баровардааст.

"На танҳо газ, балки ҳамаи маҳсулоти дигар, аз ҷумла ғизоӣ гаронтар шудааст. Нархи баъзе аз онҳо то 10 баробар гарон шудааст", - изҳор дошт яке аз сокинони Балкани Туркманистон.

Рӯзи 2-юми январ эътирозҳо алайҳи афзоиши нархи гази моеъ дар Жанаозен оғоз шуд. Сокинони Актау, Алмаато, Нурсултон, Атирау ва Чимкент ба эътирозгарон ҳамовозӣ карданд.

Рӯзи 4-уми январ комиссияи ҳукуматӣ бо супориши раисиҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев ваъда дод, ки талаби норозиёнро иҷро хоҳад кард. Пас аз се рӯзи эътирозҳо, президент Тоқаев ҳукуматро барканор, танзими давлатии нархҳоро ҷорӣ ва дар се минтақа вазъияти изтирорӣ эълон кард, аммо эътирозҳо идома ёфтанд.

XS
SM
MD
LG