Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шаш сол 21 навзодро дар Тоҷикистон куштаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар шаш соли охир 21 мавриди куштани навзодон аз тарафи модаронашонро сабт кардаанд, ки аз ҷиноятҳои гӯшношунид ба ҳисоб меравад.

Ин омори такондиҳандаро Мирзоамон Рофизода, муовини додситони кулли Тоҷикистон, дар як нишасте дар Маҷлиси Намояндагон дар охири моҳи декабри соли гузашта эълон кардааст.

Мирзоамон Рофизода дар нишаст сабабҳои қатли навзодонро ба дасти модарон нагуфтааст, вале афзудааст, таҳлилҳо нишон додаанд, ки аксари чунин ҷиноятҳо аз зӯроварӣ дар оила сарчашма мегиранд.

Дар Тоҷикистон таваллуди фарзанди беникоҳ мояи шармсории духтар ва хонаводаи ӯ ҳисоб мешавад. Дар гузашта мавридҳое будаанд, ки духтарон аз тарс фарзанди навзоди худро куштаанд ва ё партофтаанд.

XS
SM
MD
LG