Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бағдод ду ҳавопаймои бесарнишинро суқут додаанд


Ироқ
Ироқ

Ду ҳавопаймои бесарнишин ҳангоми наздик шудан ба фурудгоҳи шаҳри Бағдод, маркази Ироқ, ки дар онҷо низомиёни амрикоӣ ҳузур доранд, суқут дода шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба муносибати солрӯзи кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони Эрон, таниш дар минтақа афзоиш ёфтааст.

Номбурда соле пеш дар ҳамлаи як ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар Бағдод кушта шуд.

Як манбаи Эътилофи зидди гуруҳи тундрави “Далвати исломӣ” ё ДОИШ ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ин ҳавопаймоҳоро тавассути системаи зидди мушакӣ афтонданд.

Манбаъ ин рӯйдодро як ҳамлаи хатарнок хондааст.

XS
SM
MD
LG