Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани муҳоҷири афғон бинобар сармо дар марзи Эрон ва Туркия ҷон бохт


Вилояти Вани Туркия. Акс аз бойгонӣ.
Вилояти Вани Туркия. Акс аз бойгонӣ.

Сокинони деҳаи Балосури Эрон ду кӯдакро дар паҳлӯи ҷасади модарашон дар марзи миёни Эрон ва Туркия пайдо карданд. Чандин расонаи эронӣ ва туркӣ ба нақл аз масъулин гузориш додаанд, ки як зани афғон, ки ният дошт ба таври ғайриқонунӣ ба Туркия биравад, бар асари сармо ҷон бохт ва ду фарзанди ҳашт ва нӯҳсолаи ӯ зинда мондаанд.

Наворе, ки аз ин минтақа нашр шуд, нишон медиҳад, ду кӯдак -- як духтар ва як писар ба хотири барфи зиёд ва хунукӣ дар вазъияти душвор қарор доранд ва сокинони маҳал барои наҷоти онҳо оби гарм ва хӯрок медиҳанд.

Мақомоти вилояти Вани Туркия рӯзи 2-юми январ дар хабарномае марги зани паноҳандаи афғонро тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, марги ин хонум дар берун аз хоки Туркия ва дар қаламрави Эрон, дар деҳаи Балосур, рух додааст. Ба гуфтаи мақомоти турк, ҷасади зан ва ду кӯдаки зиндаи ӯ аз сӯи сокинони маҳаллӣ ба сарбозони эронӣ супурда шуд.

Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон ва сафорати Афғонистон дар Эрон то ҳанӯз дар мавриди ҳодиса чизе нагуфтаанд. Дар гузашта ҳам шуморе аз паноҳҷӯёни афғон ҳангоми гузаштан аз Эрон ба Туркия ҷони худро аз даст дода буданд.

XS
SM
MD
LG