Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин ошхона дар Хуҷанд оташ гирифтааст. ВИДЕО


Бузургтарин ошхона дар шаҳри Хуҷанд оташ гирифтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:55 0:00

Бузургтарин ошхона дар шаҳри Хуҷанд оташ гирифтааст

Дар Хуҷанд, яке аз калонтарин ошхонаҳои ин шаҳр рӯзи 2-уми январ оташ гирифт. Ошхонаи “Баҳори Аҷам”, ки дар яке аз кӯчаҳои марказии Хуҷанд ҷойгир аст, тақрибан соатҳои 11 ҳамин рӯз оташ гирифтааст.

Дар видеоҳое, ки теъдоде аз корбарони Радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса фиристоданд, дида мешавад, ки дуди ғализи сафед аз боми бино ба осмон мепечад ва мардуми зиёде дар наздикии бино ҷамъ омадаанд. Оташнишонҳо низ машғули фӯру нишондани оташ ҳастанд ва мошини ёрии таъҷилӣ ҳам дар ҷойи ҳодиса дида мешавад.

“Баҳори Аҷам” бузургтарин ошхонаи Хуҷанд ба ҳисоб меравад ва дар он рӯзона садҳо нафар ғизо мехӯранд. Сабабҳои оташсӯзӣ ҳоло маълум нест ва маълум ҳам, нест, ки касе дар ин ҳодиса осеб дидааст, ё на.

Мақомоти расмӣ ҳанӯз дар бораи ҳодиса чизе нагуфтаанд, аммо аксар вақт сабабҳои оташсӯзӣ дар бозору, дӯконҳоро риоят накардани меъёрҳои бехатарӣ ва муҳофизат аз сӯхтор меноманд.

XS
SM
MD
LG