Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил гуфт, "Ҳамос" мушак партоб кардааст


Шаҳри Тел Авив
Шаҳри Тел Авив

Мақомоти Исроил хабар доданд, ки субҳи 1-уми январ аз хоки Ғаза ба сӯи Тел Авив мушак партоб шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти исроилӣ, ин мушакро гурӯҳи “Ҳамос”, ки Ғазаро зери назорат дорад, партоб кардааст. Созмони “Ҳамос” инро шарҳ надодааст. Рӯзи 29-уми декабри соли гузашта низ мақомоти исроилӣ аз партоби мушак хабар дода буданд.

Чанд шаҳрванди исроилӣ дар он маҷрӯҳ шуда буданд.

Исроил Навори Ғазаро аз соли 2007 ба ин тараф муҳосира кардааст. Фаластиниҳо Исроилро ба ғазби заминҳояшон айбдор мекунанд ва солҳо боз барои озодӣ меҷанганд.

XS
SM
MD
LG