Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як рӯз дар Амрико ним миллион нафар КОВИД-19 шудааст


Як маркази ташхис барои КОВИД-19 дар ИМА.
Як маркази ташхис барои КОВИД-19 дар ИМА.

Дар як шабонарӯзи гузашта дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 488 ҳазор, тақрибан ним миллион нафар гирифтори коронавирус сабт шудааст, ки ин баландтарин нишондиҳанда аз замони оғози пандемия аст.

Матбуоти амрикоӣ навиштаанд, ки афзоиши гирифторӣ ба коронавирус паҳн шудани шакли нави он бо номи “Омикрон” аст.

Ин вазъ дар Аврупо низ мушоҳида мешавад. Масалан, дар Бритониёи Кабир, ки аҳолиаш шаш баробар камтар аз Амрико аст, дар як шабонарӯзи гузашта 200 ҳазор гирифтори коронавирус сабт шудааст.

Ба фарқ аз соли гузашта аксари кишварҳо маҳдудиятҳои сахт ҷорӣ накардаанд.

Дар умум, дар тамоми дунё дар як шабонарӯзи гузашта як миллион одам ба коронавирус сироят ёфтаанд, ки ин баландтарин сатҳ аз оғози пандемия аст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирусро дар чанд рӯзи охир сабт накардаанд. Сокинон ба ин бовар надоранд.

XS
SM
MD
LG