Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Кветта чандин нафарро захмӣ кард ва кушт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар таркиши бомба дар шаҳри Кветта, маркази иёлати Балучистони Покистон, ба камияш 4 нафар кушта ва 15 каси дигар захмӣ шудаанд. Мақомот гуфтанд, таркиш пас аз зуҳри 30-юми декабр сурат гирифт.

Фидо Ҳусайн, фармондеҳи пулиси Кветта, мегӯяд, инфиҷор дар замоне рӯй дод, ки аъзо ва тарафдорони ҷамоати уламои Покистон аз як маҷлис дар наздикии он берун шуда, ба хонаҳои худ мерафтанд.

Мақомоти Балучистон таркишро амали террористӣ хонда, дар робита бо талафоти он ибрози ҳамдардӣ ва таассуф кардаанд. Онҳо хостанд, ҳодиса таҳқиқ шавад.

Масъулияти ҳамларо то ҳол касе ба уҳда нагирифтааст. Дар Балучистон шуморе аз гуруҳҳои ҷудоихоҳ ва гуруҳҳои дигари мусаллаҳ фаъолият доранд.

XS
SM
MD
LG