Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Украина. Ҳушдорҳои Байден ва Путин бар якдигар


Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, ҳангоми суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, ҳангоми суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин

Раҳбарони Амрико ва Русия шаби 30-юми декабр суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, дар сурати шиддат ёфтани таниш бар сари Украина, алайҳи Русия таҳримҳои густарда ҷорӣ хоҳанд кард.

Владимир Путин, президенти Русия, низ ҳушдор додааст, ки таҳримҳои зидди Кремлин ба равобит бо Иёлоти Муттаҳида латмаи ҷиддӣ хоҳад зад.

Мақомҳои амрикоӣ мегӯянд, ин тамос бо дархости Путин анҷом шуда, ба муддати 50 дақиқа идома дошт.

Ба қавли сухангӯи Қасри Сафед, Ҷо Байден гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш дар сурати ҳамлаи бештари Русия ба Украина қотеъона посух хоҳанд дод. Юрий Ушаков, мушовири сиёсати хориҷии Кремлин, мегӯяд, аз муколамаи телефонии раҳбарони ду кишвар розиянд.

Ин тамос дар ҳоле анҷом шудааст, ки таниш дар марзи Русия ва Украина боло гирифтааст. Ҷобаҷокунии даҳҳо ҳазор нерӯи Русия дар шимол ва шарқу ҷануби Украина дар ду моҳи гузашта боиси афзоиши нигаронии Амрико ва кишварҳои ғарбӣ шудааст.

Русия дар соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ба хоки худ ворид карда, дар ҳоли ҳозир аз ҷудоиталабони украинӣ дар шарқи он кишвар пуштибонӣ мекунад.

Маскав ҳаргуна барномарезиро барои ҳамла ба Украина рад мекунад ва мегӯяд, ин ҳақро дорад, ки нерӯҳои худро дар хоки худ ҳар тавре, ки дӯст дорад, ҷобаҷо кунад.

XS
SM
MD
LG