Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти "Озодӣ" тасмими мақомоти Русияро маҳкум кард


Ҷейми Флай
Ҷейми Флай

Русия рӯзи 30-юми декабр номи ду корманди Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро ба феҳрасти "агентҳои хориҷӣ" дар он кишвар дохил кард.

Иван Беляев корманди бахши русии Радиои Озодӣ ва Елена Владикина хабарнигори тарҳи "Север.Реалии" ҳастанд.

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, тасмими мақомоти Русияро маҳкум кард.

Ба қавли ӯ, то кунун 18 шаҳрванди Русия, ки барои Радиои Озодӣ кор мекунанд, ба ин рӯйхат ворид карда шудаанд. Вале ӯ афзуд, "чунин рафтор моро аз таҳияи мавод барои мухотабон дар Русия бознамедорад."

Қонуни баҳсбарангези "агентҳои хориҷӣ" дар Русия соли 2012 қабул шуда, бештар ба зидди мунтақидон ва расонаҳои озод истифода мешавад.

Ин қонун аз созмонҳое, ки аз хориҷа ёрӣ мегиранд ва, ба бовари мақомот, ба фаъолияти сиёсӣ машғуланд, тақозо мекунад, ки бояд худро ҳамчун “агентҳои хориҷӣ” номнавис кунанд.

Ба ин рӯйхат тарҳҳои мустақили таҳқиқотӣ, аз қабили The Insider, Медуза, ТВ Дожд ва Bellingcat низ шомил карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG