Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳрики Толибони Покистон масъулияти қатли 4 сарбози он кишварро ба ӯҳда гирифт


Нерӯҳои покистонӣ дар Вазиристони Шимолӣ
Нерӯҳои покистонӣ дар Вазиристони Шимолӣ

Таҳрики Толибони Покистон масъулияти ҳамла ба сарбозони он кишварро ба дӯш гирифт.

Дар ин ҳамла, ки рӯзи 30-юми декабр дар минтақаи Миралии ноҳияи қабиланиши Вазиристони Шимолӣ рух дод, 4 сарбози покистонӣ ҷон бохтанд.

Дар робита ба талафоти дигари ин ҳамла маълумот нашр нашудааст.

Ҳамлаҳо ба пулис ва нерӯҳои амниятӣ дар Вазиристони Шимолӣ ва Ҷанубӣ пас аз он ки дар оғози моҳ муҳлати оташбас миёни ҳукумат ва Таҳрики Толибони Покистон ба поён расид, афзоиш ёфтааст.

Рӯзи 29-уми декабр як афсари пулис дар минтақаи Миралӣ аз сӯи ҳамлаварони дучархасавор ба қатл расид.

Рӯзи 24-уми декабр дар Вазиристони Шимолӣ як сарбоз кушта, ҳафт нафари дигар захмӣ шуданд.

Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, соли 2021 дар Вазиристони Шимолӣ алайҳи нерӯҳои амниятӣ, пулис ва ғайринизомиён 63 ҳамла сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG