Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли узбек барои бознашри навиштае дар Интернет дастгир шуд


Руслан Хайрнуров.
Руслан Хайрнуров.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Самарқанди Узбекистон фаъоли маданӣ ва узви гуруҳи ташаббускори "Самарқандро наҷот медиҳем" Руслан Хайрнуровро боздошт кардаанд.

Зидди Хайрнуров барои бознашри як навишта дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо банди "Паҳн кардани иттилои дуруғ" парванда боз шудааст.

Наздикон ва вакилони дифои фаъоли узбек мегӯянд, Хайрнуровро барои фаъолиятҳои оммавияш зидди қонуншиканиҳои мансабдорон дар давоми моҳҳои ахир "муҷозот" мекунанд.

Навиштае, ки Харйнуров барои паҳн кардани дубораи он дастгир шудааст, ҷамъан даҳ нафар бознашр намудаанд, вале мақомот танҳо ин фаъоли маданиро дастгир кардаанд.

XS
SM
MD
LG