Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин: SpaceX имкон дошт, бо истгоҳи кайҳонӣ бархӯрад


Чин гуфт, моҳвораҳои ширкати Илон Маск "Space X" ба истгоҳи моҳварии ин кишвар, ки дар мадори наздик ба замин қарор дорад, хатар эҷод кардааст.

Дар нотаи Пекин ба дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ду ҳодиса дар моҳҳои июл ва октябри имсол ҳамчун намуна оварда шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти Чин, истгоҳи моҳварии ин кишвар маҷбур шудааст, барои пешгирӣ аз бархӯрд ба моҳвораи Starlink, ки ҳаракати номуназзам дорад, ду бор самти ҳаракати худро иваз кунад.

"Тибқи созишномаи кайҳонӣ аз соли 1967, кишварҳо барои фаъолияти ширкатҳои хусусӣ ва давлатии худ дар кайҳон ҷавобгар хоҳанд буд," -- зикр шудааст дар нотаи Пекин.

Дар ҳоли ҳозир дар мадор ҳудуди 1800 моҳвораи Starlink, ки дастрасӣ ба Интернети босуръатро тақрибан дар даҳҳо кишвар таъмин мекунанд, фаъолият доранд. Ин ширкат аз мақомоти Амрико барои фаъолияти 12 ҳазор моҳвора иҷозат гирифтааст.

Ба гуфтаи Илон Маск, ширкати SpaceX барои иҷрои нақшаи дастрасӣ ба Интернет аз тамоми кураи замин ба наздики 30 ҳазор моҳвора ниёз дорад. SpaceX то ҳол нотаи Чинро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG