Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони аз 12 то 18-соларо дар Узбекистон ваксинаи Pfizer заданд


Дар Узбекистон барои кӯдакони аз 12 то 18-сола, то рӯзи 27-уми декабр, бештар аз 600 ҳазор вояи ваксинаи Pfizer истифода шудааст.

Ба иттилои вазорати ҳифзи тандурустии он кишвар, бештар аз 432 ҳазор кӯдак як воя ва зиёда аз 174 ҳазор кӯдак ду воя ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд.

Ба иттилои ниҳоди мазкур, аз оғози ваксиназании сартосарӣ дар моҳи апрел дар Узбекистон то ин замон 38 миллиону 680 ҳазор вояи ваксинаи зидди коронарвирус истифода шудааст.

Дар он кишвар, ба иттилои расмӣ, дар маҷмуъ 1484 кас аз коронавирус фавтидааст.

XS
SM
MD
LG