Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти амниятии Русия ва Амрико дар мавриди Украина


Кохи Сафед
Кохи Сафед

Як мансабдори Кохи Сафед гуфт, дар замоне ки нигарониҳо аз ташаннуҷ дар Украина афзоиш ёфтааст, 10-уми январ музокироти амниятии Амрико ва Русия доир мешавад.

Ба қавли сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед, дар ин гуфтушунид назорати аслиҳаи ҳастаӣ ва вазъи Украина баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳамин манбаъ меафзояд, ки ба эҳтимоли зиёд вохӯриҳои ҷудогонаи ҳайати Русия бо намояндагони НАТО дар таърихи 12-уми январ ва бо ҳайати Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо 13-уми январ барпо мешавад.

Пешбинӣ мешавад, ки дар ин музокирот таҷаммӯи нерӯҳои Русия дар марз бо Украина ва талаби кафолатҳои амниятии Русия, аз ҷумла худдорӣ аз тавсеаи паймони НАТО дар самти шарқ матраҳ шавад.

Кишварҳои ғарбӣ аз он нигаронанд, ки Русия имкон дорад ба хоки Украина таҷовуз кунад. Маскав ин нигарониро беасос номида, Украина ва паймони НАТО-ро ба дасисабозӣ муттаҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG