Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин гуфт, роҳи мошинҳоро аз Кореяи Ҷанубӣ ба Қирғизистон мекушояд


Киштиҳои борбар дар Чин
Киштиҳои борбар дар Чин

Чин тасмим гирифтааст, ба таври афзалиятнок ба интиқоли мошинҳое ба Қирғизистон иҷозат диҳад, ки дар бандарҳои он кишвар дармондаанд.

Дар ин бора 27-уми декабр дар мулоқоти вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев ва ҳайати ҳукумати Чин хабар дода шудааст.

Ба хабари вазорат, Қазоқбоев аз ҳайати чинӣ дархост кардааст, раванди додани иҷозатро ба интиқоли контейнерҳои ҳомили мошинҳо аз Кореяи Ҷанубӣ ба Қирғизистон суръат бахшанд. Вале вазири умури хориҷии Қирғизистон нагуфтааст, ки ҳоло дар бандарҳои Чин чи қадар мошин дармондааст.

XS
SM
MD
LG