Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти амниятии Амрико ва Русия рӯзи 10 январ доир мешавад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Як мақомдори Қасри Сафед мегӯяд, дар замоне, ки нигарониҳо аз ташаннуҷ дар Украина афзоиш ёфтааст, даҳуми январ музокироти амниятии ИМА ва Русия доир мешавад. Ба қавли сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Қасри Сафед, дар ин гуфтушунид назорати аслиҳаи ҳастаӣ ва вазъи Украина баррасӣ мешавад. Ҳамин манбаъ меафзояд, ки ба эҳтимоли зиёд вохӯриҳои ҷудогонаи ҳайати Русия бо паймони НАТО дар таърихи 12-уми январ ва бо ҳайати Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо 13-уми январ барпо хоҳад шуд. Пешбинӣ мешавад, ки дар ин музокирот таҷаммӯи нерӯҳои Русия дар марз бо Украина ва талаби кафолатҳои амниятии Русия ва аз ҷумла худдорӣ аз тавсеаи паймони НАТО дар самти шарқ матраҳ шавад. Кишварҳои ғарбӣ аз он нигаронанд, ки Русия имкон дорад ба хоки Украина ҳамла кунад. Маскав ин нигарониро беасос номида, Украина ва паймони НАТО-ро бо дасисабозӣ муттаҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG