Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон аз ронандагон хостанд, "мусиқӣ гӯш надиҳанд ва занони бе ҳиҷобро дар мошинҳояшон савор накунанд"


Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон таъйид кардааст, ки дар тавсияномае аз ронандагони мошинҳои шаҳрӣ хостааст, ки занонро бидуни маҳрами шаръӣ ва бе доштани ҳиҷоби исломӣ ба мошинҳо савор накунанд. Ин вазорат мегӯяд, ки Толибон ин корро "бар бунёди усули шаръӣ" анҷом додаанд. Ин тасмими Вазорати амр ба маъруф ва наҳйи Толибон бо интиқодҳо сокинон, ронандагон ва коршиносон дар он кишвар рубару шудааст.

Яке аз ронандагон дар Кобул ба шарти фош нашудани номаш ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, аз чанд руз ба ин тараф шуморе аз Толибон, ки силоҳ низ бо худ доранд, ба ӯ ва дигар ронандагони мошинҳои таксӣ дар истгоҳҳо гуфтаанд, ки дигар дар мошинҳояшон мусиқӣ пахш накунанд ва занони бе ҳиҷоб ва бе маҳрами шаръиро савор накунанд.

"Толибон ба мо мегӯянд, ки занонро ба мошин савор накунед. Имкон дорад як зан бемор бошад. Дуруст аст, мо мушкиле надорем, дигар мусиқӣ намешунавем, аммо намепазирем, ки дигар занонро дар мошинҳои худ савор накунем, ин ҳаққи занон аст",-гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Шумори дигаре аз ронандагон дар шаҳри Кобул низ ба шарти фош нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нерӯҳои ҳукумати Толибон ҳатто онҳоро ба хотири савор кардани занони бидуни ҳиҷоб ва бе маҳрами шаръӣ, латукӯб кардаанд.

Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон тасдиқ кард, ки аз таксиҳо ва дигар мошинҳои шаҳрӣ хостааст, ки аз ин ба баъд занонро бидуни маҳрами шаръӣ ва ҳиҷоби исломӣ ба мошин савор накунанд.

Окиф Муҳоҷир, сухангӯи ин вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин тасмим "бар бунёди шариати исломӣ" гирифта шудааст. "Ҷомеаи мо як ҷомеаи исломӣ аст. Ҷомеаи исломӣ бояд корерор анҷом диҳад, ки ислом бо он мувофиқ аст. Ба ронандагони чизе гуфта шудааст, ки шариати ислом ҳукм мекунад. Мусиқӣ аз диди ислом номуносиб аст ва ҳиҷоб низ амри шариат ва Қуръон аст ва зан бояд бе маҳрами шаръӣ 45 мил (72 километр) бештар наравад".

Ӯ дар посух ба ин пурсиш, ки аз назари онҳо ҳиҷоби исломӣ чигуна аст ва агар як зан бемор бошад ва ё мушкиле дар хона дошта бошад ва маҷбур шавад, ки бе маҳрами шаръӣ ба беруни хона биравад, бояд чӣ бикунад, посухе надод.

Билол Каримӣ, муовини сухангӯи ҳукумати Толибон мегӯяд, ки то кунун дар бораи ин тасмими Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон санади расмӣ ба онҳо нарасидааст.

Абдусамир, яке аз сокинони Кобул мегӯяд, "бояд дар ин бора як роҳи ҳал пайдо шавад. Имкон надорад, ки як зан бидуни маҳрами шаръӣ аз хона берун шуда натавонад. Як зан бемор мебошад, дар хона мушкил дорад, як бемории оҷил пайдо мешавад, ба бовари ман ин роҳи ҳали муносиб нест".

Оиша, сокини дигари Кобул мегӯяд, ки ин тасмими Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон нақзи ҳуқуқи занон ва ҳуқуқи башар аст. Ба гуфтаи ӯ, Толибон бо чунин тасмимҳое ҳузури занонро дар ҷомеа маҳдуд мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар таъкид кардааст, ки Толибон бояд ба ҳуқуқи занон эҳтиром бигузоранд. Бештар аз чаҳор моҳ аз оғоз ҳукумати Толибон бар Афғонистон мегузарад ва дар ин муддат бештар духтарон ва занон аз ҳаққи омӯзиш, таҳсил ва кор маҳруманд. Ҳарчанд мақомоти Толибон борҳо гуфтаанд, ки тарҳеро дар бораи таҳсил ва кори духтарону занон рӯи даст доранд, аммо то кунун онро расонаӣ накардаанд.

XS
SM
MD
LG