Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ва Русия моҳи ноябр нишаст баргузор мекунанд


Парчами Русия ва НАТО
Парчами Русия ва НАТО

Йонс Столтенберг, Дабири кулли созмони низомии НАТО пешниҳод кардааст, ки шӯрои ин созмон бо Русия дар моҳи январи соли оянда баргузор шавад.

Чунин нишасти муштарак НАТО 2,5 сол боз бо Русия баргузор накардааст.

НАТО, паймони низомиест, ки ИМА ва аксар кишварҳои ғарбӣ шомили он ҳастанд.

Бори охир нишасти НАТО ва Русия моҳи июли соли 2019 баргузор шуда буд. Пас аз ин, талошҳои барои нишасти дуҷониба натиҷа надода буд.

Русия миссияи кории худ дар назди ин созмон ва кори дафтари онро дар Маскав қатъ кард. Мақомоти Кремл он замон гуфта буданд, ки дигар ба НАТО бовар надоранд.

Моҳи ноябр Владимир Путин, президенти Русия аз кишварҳои ғарбӣ хост, амнияти Русияро кафолат диҳанд ва Украинаро ба сафи ин созмон қабул накунанд.

Мақомоти НАТО гуфтанд, ки талаби напазируфтани Украина ба ҳайати НАТО қобили қабул нест.

Ҳоло маълум нест, ки НАТО ва Русия дар нишасти моҳи январ чӣ мавзуеро баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG