Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ масъулияти инфиҷор дар Кобулро бар душ гирифт


Яке аз хиёбонҳои Кобул
Яке аз хиёбонҳои Кобул

Гурӯҳи тундрави ДОИШ масъулияти инфиҷори рӯзи 23-уми декабр дар Кобули Афғонистонро бар душ гирифт.

Ин инфиҷор дар назди Хадамоти шиносномадиҳии Кобул рух дод ва Толибон иддао карданд, ки дар он касе зиён надидааст.

Ба гуфтаи Толибон, шахсе, ки мехост худро тарконад, кушта шуд ва инфиҷор рух надод. Хабаргузории Ройтерз хабар додааст, ки инфиҷор рух дод ва бар асари он наздики даҳ нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ҳамла замоне анҷом шуд, ки пас аз чанде таваққуф Толибон Хадамоти шиносномадиҳиро дубора фаъол карданд. Садҳо нафар пушти дари ин Хадамот барои гирифтани шиноснома ҷамъ меоянд. Рӯзи ҳамла ҳудуди дусад мусаллаҳи Толибон қарор доштаанд.

Толибон нимаи моҳи август Афғонистонро тасарруф карданд. ДОИШ борҳо ба ҷангиёни Толибон ва ба масҷидҳои шиаёни Афғонистон ҳамла кардааст.

Дар натиҷаи чанд ҳамлаи ДОИШ ба масҷиди шиаён даҳҳо нафар ҳалок шуданд.

XS
SM
MD
LG