Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи панҷрӯзаи Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Узбекистон анҷом ёфт


Акс аз вебсайти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Акс аз вебсайти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки давоми панҷ рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе ҷаласаи калони мақомдорони Тоҷикистону Узбекистон барпо шуд. Дар ин ҷаласа, ки рӯзҳои 20-25 декабр ҷараён гирифт, Комиссияи муштараки демаркатсионӣ ҷараёни кору гуфтугӯҳои муштаракро баррасӣ кардааст. Дар хабр омадааст, ки “тарафҳо натиҷаи корҳои геодезӣ-топографӣ, аэроаксгирӣ ва демаркатсионие, ки дар соли 2021 анҷом дода шуданд, ҷамъбаст карда”, барномаи кориву нақшаи соли 2022-ро мувофиқа намуданд. Ҷаласаи навбатӣ дар Ӯзбекистон барпо мегардад. Ҷузъиёти дигар нашр намешавад.

Тоҷикистон ва Узбекистон беш аз 1300 километр марзи муштарак доранд, ки ҳудуди 90 дарсади он таъйину аломатгузорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG