Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи духтари Рамазон Қодиров барои “ҳимоят аз ҳуқуқи инсон”  


Оишат Қодирова инчунин бо тарроҳии либосҳои занона, аз ҷумла, куртаву рӯсариҳои исломӣ машғул аст. Ширкати "Хонаи мӯди Фирдавс"-и ӯ дар талоши роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ аст, вале худи Қодирова таҳти таҳримҳои ИМА мебошад.
Оишат Қодирова инчунин бо тарроҳии либосҳои занона, аз ҷумла, куртаву рӯсариҳои исломӣ машғул аст. Ширкати "Хонаи мӯди Фирдавс"-и ӯ дар талоши роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ аст, вале худи Қодирова таҳти таҳримҳои ИМА мебошад.

Дар Ҷумҳурии Чеченистон ваколатдори ҳуқуқи башар Нурдӣ Нуҳоҷиев гуфт, ки духтари 22-солаи раҳбари ин ҷумҳурӣ Оишат Қодирова бо нишони “Барои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон” мукофотонида мешавад. Дар шарҳи ҷоиза гуфта шудааст, ки он барои ҳимоят аз ҳуқуқи конститутсиониву манфиатҳои шаҳрвандон тақдим мешавад. Духтари Рамазон Қодиров, ки таҳти таҳрими ИМА мебошад, соли ҷорӣ ба мақоми вазири фарҳанги Чеченистон таъин шуд. Соли 2020 ӯро бо медали “Барои хидматҳояш дар назди Ҷумҳурии Чеченистон” қадрдонӣ карданд.

Тобистони соли 2020 Департаменти давлатӣ гуфт, ки таҳримҳои президенти Чеченистон Рамазон Қодиров, ки дар нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар, қатли одамон ва шиканҷаи мунаққидонаш гумонбар мешавад, ба духтараш Оишат ҳам дахл дорад. Исми Қодиров ба “рӯйхати таҳримҳои Магнитский” ворид шудааст.

Аз ин пеш Рамазон Қодиров духтари 21-солааш Хадиҷа Қодирова, сардори раёсати таҳсилоти томактабии Грознийро “Барои хидматҳояш дар назди Ҷумҳурии Чеченистон” қадрдонӣ кард. Модараш Айманӣ ҳам бо ҷоизаҳое аз БДА, “Ордени Қодиров” ва медал ба хотири Аҳмадҳоҷӣ Қодиров - падари раҳбари Чеченистон мукофотонида шудааст.

XS
SM
MD
LG