Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз чор мақомдори тоҷик ҳамагӣ як нафарашон зан будааст


Маҷлиси намояндагон, сентябри соли 2021
Маҷлиси намояндагон, сентябри соли 2021

Ба иттилои мақомоти давлатии Тоҷикистон, 25,8 фоизи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва 23,8 фоизи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд. Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Умеда Абдуллозода дар як мусоҳибааш бо “Ховар” гуфтааст, давоми панҷ соли гузашта дар Тоҷикистон шумори хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занону духтарон як фоиз зиёд шудааст, дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, ҳадаф то 30 дарсад расонидани шумори бонувон будааст. Дар Тоҷикистон шумори занон беш аз 49 дарсадро ташкил медиҳад, вале ба қавли таҳлилгарон, ҳузури занону духтарон дар мақомҳои тасмимгирандаи идораҳои давлатӣ хеле ночиз мебошад. Афзоиши шумори занону духтаронро дар идораҳои давлатӣ мақомот як вазифаи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 таъин кардаанд ва яке аз ҳадафҳои он то ба 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда будааст. Мақомот мегӯянд, барои расидан ба ин ҳадаф бояд “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030”-ро таҳия шавад. Абдуллозода гуфтааст, ки як роҳи расидан ба ин ҳадаф ба таҳсили олӣ ҳавасманд кардани духтарон аз деҳоти дурдасти кишвар мебошад. Барномае, ки бо номи “квотаи президентӣ барои таҳсил” маъруф аст, аз соли 1997 амал мекунад ва бар асоси он то имрӯз 11 500 нафар донишгоҳро хатм намуданд.

XS
SM
MD
LG