Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Русия низоми муттаҳидаи дифои зиддимушакӣ месозанд


Июли соли 2021, тамрингоҳи Капустин Яр. Озмоиши силоҳи навтарини дифои зиддимушакии S-500
Июли соли 2021, тамрингоҳи Капустин Яр. Озмоиши силоҳи навтарини дифои зиддимушакии S-500

Шӯрои Федератсияи Русия дар ҷаласаи рӯзи 24 декабраш созишномаи низоми муттаҳидаи дифои зиддимушакии миёни Тоҷикистон ва Русияро тасвиб кард. Хабаргуҳории ТАСС менависад, бар асоси ин санад ду кишвар як низоми муштараки минтақавии дифои зиддимушакӣ таъсис медиҳанд, ки бахше аз низоми дифои зиддимушакии Иттиҳоди давлатҳои мустақил мешавад. Дар санад гуфта шудааст, ки бо сабаби ҷудо аз ҳам будани ду қаламрав, дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон як минтақаи ҷудогонае дар доираи амнияти дастаҷамъӣ таъсис мешавад. Дар машварат бо вазоратҳои дифои ду кишвар сохторҳои мудирияти низомии ин системаи дифоӣ ҳам ташкил мегардид. Ҳамоҳангсозии амалҳои муштараки нирӯҳои системаи муттаҳидаи дифои мушакиро дар Осиёи Марказӣ сарфармондеҳи нирӯҳои ҳавоиву кайҳонии Русия анҷом хоҳад дод. Фармондеҳи тоҷикистонӣ идораи фаъолиятҳоро дар минтақаҳои ҷудогона анҷом хоҳад дод. Ин созишнома барои панҷ сол имзо шудааст. Дар бораи таъсиси чунин система бори аввал моҳи апрели соли ҷорӣ дар мулоқот бо Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон вазири мудофеаи Русия Сергей Шойгу хабар дода буд.


XS
SM
MD
LG