Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуринисо Ализода раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд


Ҳуринисо Ализода.
Ҳуринисо Ализода.

Ҳуринисо Ализода раиси Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон интихоб шуд.

Интихоби ӯ ба ин мақом дар ҷаласаи солонаи ин Шӯро, ки рузи 24-уми декабр баргузор шуд, сурат гирифт. Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Бахтиёр Ҳамдам шуд, ки тайи ду соли ахир раҳбарии ин созмони журналистиро ба ӯҳда дошт.

Дар ин ҷаласа Илҳоми Ҷамолиён, Раҷаби Мирзо ва Носирҷон Маъмурзода аъзои нави раёсати Шӯрои ВАО интихоб шуданд. Дар умум ин Шӯро 9 узви раёсат дорад.

Шӯрои ВАО як созмони мустақили журналистист, ки соли 2009 ташкил шуда, дар баробари ҳимоят аз ҳаққи хабарнигорон муҳтавои матолиби нашрияҳоро аз нигоҳи мутобиқаташон ба Кодекси ахлоқи журналистӣ пайгирӣ мекунад.

Дар гузашта созмонро Иброҳим Усмонов, Зиннатуллоҳи Исмоил, Қироншоҳ Шарифзода, Нуриддин Қаршибоев ва Хуршеди Атовулло раҳбарӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG