Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Шӯрои ВАО барои кӯмак ба расонаҳо аз сӯи ҳукумат бепосух монд


Масъулини Шӯрои Васоити Ахбори Оммаи (ВАО) Тоҷикистон мегӯянд, ки дар давраи пандемияи COVID-19 ба ҳукумат дархости кӯмак ба расонаҳои хусусиро карданд, вале посухе нагирифтанд. Бахтиёр Ҳамдам, раиси Шӯрои ВАО ин нуктаро рӯзи 24-уми декабр дар ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО иброз дошт. Оқои Ҳамдам гуфт, ба Абдуҷаббор Раҳмонзода, собиқ мушовири президент муроҷиат карда буданд, ки дар давраи бемории ҳамагир, ки таъсири худро ба кори расонаҳо гузошт, 600 ҳазор сомонӣ дар шакли грант ҷудо кунанд. "Мутассифона то ҳол бепосух мондааст",-афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG