Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: "Агар вазъияти саломатиам хуб бошад, дар интихоботи 2024 ҳам номзад мешавам"


Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико.

Ҷо Байден, президенти ИМА рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки тасмим дорад, дар интихоботи президентии соли 2024 ширкат кунад.

"Агар сиҳатиам, мисли ҳоло, хуб бошад, пас номзадиамро пешбарӣ мекунам", - гуфт Байден дар посух ба суоли хабарнигори АВС, ки пурсид, оё Байден дар интихоботи соли 2024 ширкат хоҳад кард. Ҷо Байден афзуд, агар Доналд Трамп, президенти пешини ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳон номзад шавад, дар он сурат эҳтимоли вориди рақобат шудани Байден ҳам бештар мешавад.

Масъалаи ширкати Ҷо Байден дар интихоботи соли 2024 ахиран дар расонаҳои амрикоӣ зиёд баррасӣ мешавад. Расонаҳо менависанд, маъруфияти Байден коҳиш ёфтааст. Байден, ки ҳоло 79 сол дорад, дар сурати бори дувум номзад шудан, куҳансолтарин номзад дар интихоботи президентии ИМА хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG