Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар кони ангишти Кара-Кечеи Қирғизистон тирандозӣ шудааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар кони ангишти Кара-Кечеи Қирғизистон байни ронандагон ва неруҳои махсуси "Алфа" низоъ бархостааст. Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки чанд ронанда маҷруҳ шудааст.

Ширкати "Қирғиз комур", ки ба истихроҷи ангишт аз "Кара кече" машғул аст, сабабҳои сар задани низоъро шарҳ надод.

"Дар навбатпоӣ миёни ронандагон ва неруҳои вижаи "Алфа" нофаҳмӣ сар задааст, аммо низоъ хомӯш шуда, кор идома дорад", - гуфт Жийде Зоотбекова, сухангӯи ширкати "Қирғиз комур".

Дар Қирғизистон, бо фаро расидани сардиҳо, дар бозори ангишт ҳарҷу марҷ сар мезанад. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар муқоиса ба соли гузашта қимати сӯзишворӣ 20 дарсад боло рафтааст.

Расонаҳои Қирғизистон моҳи ноябр хабар доданд, ки 12 тан аз неруҳои "Алфа" кони ангишти "Кара кече"-ро муҳофизат мекунанд.

XS
SM
MD
LG