Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия ба муҳоҷирон патенти нав медиҳанд


Яке аз марказҳои додани петент дар Русия
Яке аз марказҳои додани петент дар Русия

Аз 29-уми декабри имсол ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия патент дар шакли нав дода мешавад.

Тибқи фармони вазири корҳои дохилии ин кишвар, санади мазкур корти чипдоре хоҳад буд, ки акси электронии руй, изи ангуштон, силсила ва рақами патент, ному насаб ва ҳатто касбу кори соҳибашро дар бар мегирад.

Кумити тафтишотии Русия мегӯяд, истифода аз шакли нави патент ба назорати муассиртари муҳоҷират мусоида намуда, ба раванди ошкор намудан ва тафтиши ҷиноятҳо суръат мебахшад.

Ин навгонӣ дар ҳолест, ки тибқи қарори мақомоти рус, аз соли оянда нархи патент дар ин кишвар боло рафта, аз ин ҳисоб 90 миллион рубл фоида ба даст оварданӣ ҳастанд.

Бар пояи иттиллои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ додани патент нисбат ба ҳамин давраи соли пеш, тақрибан ду баробар зиёд шудааст. Дар ин муддат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрванд беш аз 1 миллиону 800 ҳазор иҷозатномаи фаъолият дода шудааст.

Муҳоҷироне, ки бе патент кор мекунанд, ҷарима ва аз қаламрави Русия ихроҷ мегарданд.

XS
SM
MD
LG