Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тюмен таксиронии муҳоҷиронро манъ карданд


Дар вилояти Тюмен низ таксиронии муҳоҷирони кориро манъ карданд. Фармон дар ин заминаро волии вилоят Александар Мур имзо намудааст. Тибқи он, ба шаҳрвандони хориҷие, ки бо патент кор мекунанд, фаъолият дар нақлиёти мусофирбарии шаҳриву наздишаҳрӣ, таксиронӣ ва идораи мошинҳои боркаш иҷозат дода намешавад. Ба ширкатҳои нақлиётӣ то 1 марти соли 2022 мӯҳлат дода шудааст, тибқи талаботи нав амал кунанд. Дар ҳафт моҳи имсол раванди муҳоҷират дар ин минтақаи Русия густариш ёфта, ҳудуди 31 ҳазор нафар хориҷиён ба ин вилоят омадаанд. Ҳафтаи пеш мақомоти минтақаи Ханти-Мансийск ҳам тасмим гирифт ки аз соли оянда таксиронии муҳоҷиронро манъ кунад. Қонунҳое, ки фаъолияти муҳоҷиронро дар ин ва ё он соҳа маҳдуд мекунад, солҳои охир дар Русия бештар шудаанд. Дар гузашта беш аз 40 дарсади ронандагони нақлиёти мусофирбару боркашон дар Русияро муҳоҷирон аз ҷумла тоҷикон ташкил медоданд.

XS
SM
MD
LG