Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 200 нафар дар тӯфони Филиппин ҷон бохтанд


Тӯфони ахир дар Филиппин.
Тӯфони ахир дар Филиппин.

Шумораи талафоти ҷонӣ аз тӯфони қавӣ дар Филиппин ба беш аз 200 тан расид. Мақомҳои ин кишвар рӯзи 20-уми декабр гуфтанд, ки 52 тан ҳанӯз нопадид ҳастанд ва хати иртибот бо чанд вилоят ва шаҳр қатъ шудааст. Тибқи иттилои мақомоти пулиси Филиппин, дастикам 208 нафар ба ҳалокат расида, 239 тани дигар захмӣ шудаанд. Кормандони Идораи ҳолатҳои фавқулодда ба минтақаи дурдаст расидаанд ва интизор меравад, ки шумораи талафот боз ҳам афзоиш ёбад. Тӯфон дар Филиппин рӯзи ҷумъаи 17-уми декабр рух дод. Бисёре аз қурбониён бар асари афтодани дарахтон, фурӯ рехтани деворҳо, ғарқ шудан дар сел ва лағзиши замин, ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG