Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захмӣ шудани 3 нафар дар тирпаронии ҷавонон дар Қазоқистон


Пулиси Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Пулиси Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар робита ба тирпаронӣ ва захмӣ шудани се духтар дар шаҳраки Байконури вилояти Қизилордаи Қазоқистон 9 нафар боздошт шудааст.

"Ҳашт гумонбар муайян ва дастгир шуданд. Ҳамчунин гумонбари асосӣ дар ин тирандозӣ боздошт гаштааст ва ҳоло баёнот медиҳад", - иттилоъ додааст пулиси вилояти Қизилорда.

Ба иттилои пулис, аз гумонбари асосӣ силоҳ мусодир шудааст ва бояд аз ташхис гузаронида шавад. Тафтишоти ҳодиса бар асоси банди "Қасди куштор" идома дошта, гумонбарон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Шоми 15 декабр дар шаҳраки Байконури Қизилорда миёни ду гуруҳи ҷавонон задухурди мусаллаҳона рух дод. Дар натиҷа се духтар, ки дар наздикии маҳалли ҳодиса, дар истгоҳ қарор доштанд, захмӣ шуданд. Ду нафари онҳо ҳоло дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG